Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35 — умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Дипломатия тоҷик» ба нашр расид.
Маҷаллаи «Дипломатия тоҷик» дар заминаи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки бо собиқа ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Дар таърихи Донишгоҳ миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар таърихи факултети муносибатҳои байналмилалӣ маротибаи аввал аст, ки маҷаллаи илмии тақризшаванда бо ҳайати таҳририяи бонуфузи Тоҷикистон, аз ҳисоби собиқадорони дипломатияи тоҷик, намояндагони аршади дипломатияи тоҷик ва коршиносони байналмилалӣ аз Русия ва Чин таъсис ёфта, ба нашр расида аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи таъсиси маҷаллаи байналамилалӣ ин инъикоси афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, тарғиби дастовардҳои дирӯзу имрӯзи дипломатия тоҷик, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Маҷаллаи байналмилалии илмии «Дипломатияи тоҷик» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегардад, ки имкони нашри таҳқиқоти олимони дохилӣ ва хориҷиро фароҳам меорад.
Маҷалла мутобиқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи се равияи илмӣ: «Сиёсатшиносӣ», «Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати беруна» ва «Ҳуқуқи байналмилалӣ» мавод нашр менамояд. Он дар шаҳри Парижи Фаронса ба қайд гирифта шуда, соҳиби рақами махсуси байналмилалии «ISSN 3135 – 6834» гардида аст.
Шумораи якуми маҷаллаи байналмилалии «Дипломатияи тоҷик» аллакай аз чоп баромад, ки 20 мақолаи илмии олимон, коршиносон ва ходимони давлатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, мақолаҳо дар мавзуъҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули дипломатияи об», «Таҳкими сулҳ дар меҳвари ташаббусҳо ва хиради азалии Пешвои миллат», «Паёми навбатии Президент – омили пешбурди дипломатияи фаъоли фарҳангӣ», «Риторикаи сиёсӣ ва таъсири он ба низоъҳои муосири байналмилалӣ», «Мутобиқшавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити заъфи ҳуқуқи байналмилалӣ», «Низомулмулк: назарҳо оид ба шахсият, вазифа ва уҳдадориҳои сафир», «Дипломатияи пешгирона», «Бисёрсамтӣ дар сиёсати хориҷӣ», «Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор», инчунин оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаҳони муосир ва дигар масоили мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ба табъ расиданд.
Маҷаллаи байналмилалии илмии «Дипломатияи тоҷик» ҳамчун манбаи асосии омӯзиш ва дастурамали илмӣ, муаррифи дастовардҳои дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоскунандаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ барои доираи васеи муҳаққиқон ва хонандагон тавсия дода мешавад.
Муҳаққиқони ватанию хориҷӣ маводи илмии худро барои нашр дар ин маҷалла метавонанд ба суроғаи электронии «tajikdiplomacy@gmail.com» ирсол намоянд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






