Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 9, 2026 16:22

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Чорабинӣ бо ибтикори Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баргузор шуда, дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ, масъулини дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода иброз намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар шароити муосир ба яке аз воситаҳои муҳими таҳкими муколамаи байналмилалӣ, эътимоди сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфта, дар рушди ҳамкории байнидавлатӣ нақши афзоянда мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба Конститутсия, Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи худ ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои устувори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули мавқеи байналмилалии мамлакат ва пешбурди ташаббусҳои глобалии сулҳҷӯёна махсус таъкид гардид.

Изҳор шуд, ки маҳз сиёсати дурбинона ва стратегияи пайгиронаи Сарвари давлат заминаи мусоиди рушди дипломатияи муосир, аз ҷумла дипломатияи парлумониро фароҳам овардааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, саҳми парлумон дар таҳкими суботи минтақавӣ, дипломатияи экологӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва истифодаи дипломатияи парлумонӣ ҳамчун воситаи «неруи нарм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва масъалаи ҳифзи пиряхҳо, бояд дар сатҳи созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ фаъолона муаррифӣ гарданд.

Инчунин иштирокчиён оид ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, густариши гурӯҳҳои дӯстӣ ва рушди дипломатияи рақамӣ ибрози ақида намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2026 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд