Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 05.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бо рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур шинос шуда, зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани онро таъкид намуд.
Иншооти мазкур бо мақсади иҷрои барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад. Муассисаи таълимӣ аз тарафи Бонки Осёии Рушд сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёди 800 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб зиёда аз 650 иншооти таъйиноти гуногун сохтаву ба истифода дода шудааст. Инчунин, зиёда аз 120 километр роҳи маҳаллӣ таъмир гардидааст.
Сохтмони биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла соҳаи маорифу тандурустӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёнаи муосир симои шаҳри Ваҳдатро ба таври шинохтанашаванда дигаргун намудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






