Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»

Июнь 27, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон 29-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд.  Дар ин санаи муборак АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, иқтибосҳоро аз суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  пешниҳод намояд, ки онҳоро бояд дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ  дар меҳвари андеша ҷой дода, мавриди иҷро қарор диҳем.

— Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

***

Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти ҷумҳурӣ барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.

***

Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд.

***

Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

***

Заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ гузошта шуда буд. Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф, амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд.

***

Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳиму таърихӣ – Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми мамлакат заминаи устувор гузошта шуд.

***

Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.

***

Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд.

***

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

***

Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.

***

Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳиме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

***

Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

***

Ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

***

Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи мамлакат мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудаанд.

***

Тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем.

***

Ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

***

Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад.

***

Тавоноии миллату давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот пайванди ногусастанӣ дорад.

***

Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия