Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, раиси Шурои мудирони Гуруҳи ҳолдингии байналмилалии «Ал-Инҷаз» Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Иброз шуд, ки муносибатҳои дӯстона байни ду давлат дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн пайваста рушд ёфта истодаанд.
Инчунин ҷонибҳо вазъи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки иқтидорҳои бузурги истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки метавонад ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ба маротиб афзоиш диҳанд.
Таъсиси Шурои муштараки корӣ ва баргузории ҷаласаҳои он заминаи мусоидро барои эҷоди пули мустақими тиҷоратӣ фароҳам сохтааст.
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ омодагии тиҷоратии Арабистони Саудиро барои таҳкими ҳамкорӣ ва сармоягузории мустақим ба лоиҳаҳои Тоҷикистон изҳор кард.
«Маҷлиси намояндагон парлумони касбӣ мебошад ва дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаи зиёд дошта, кӯшиш менамояд, ки дар фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди ҳуқуқӣ ва ба ин васила дар рушди соҳаҳои мухталиф саҳми худро гузорад», — изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид






