Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Июнь 10, 2026 13:48

ДУШАНБЕ, 10.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ (2 медали «тилло», 3 медали «нуқра» 41 медали «биринҷӣ) шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 30 медал зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.

Тавре масъулини шуъбаи маорифи ноҳия иброз доштанд, омӯзгорону хонандагоне, ки ба чунин дастоварҳо ноил мешаванд, пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.

Хонандагони лаёқатманди ноҳия дар маҳфилҳои фаннӣ омодагии хуб гирифта, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Хонандагони ноҳия ба ин дастовард дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ ва ҳамкории хуби волидайн бо мактаб ноил гардиданд.

Масъулини соҳаҳои дахлдор имрӯзҳо барои бофароғат ва босамар гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муҳим андешида, барои ҷалби онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Июнь 10, 2026 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид