Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд

Июнь 28, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод», ки дар  шаҳри Душанбе қарор доранд, ба тамошои  шаҳри Ҳисор  рафтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, иштирокчиёни форумро Раиси шаҳр Ҷаббор  Носирзода хайрамақдам гуфта, ба онҳо хабари хуш- қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод гардидааст, расонид.

Раиси шаҳр  афзуд, ки ин санад ба ояндаи дурахшони шумо нигаронида шуда, аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, мамлакат ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади тарғиби васеи муҳтавои ин қатънома 26 ва 27 июн бо иштироки доираи васеи аҳолӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳамоишҳо, вохӯриҳо ва маъракаҳои оммавӣ баргузор мегардад.  Тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ мазмуну муҳтавои ин  қатънома ба таври густурда тарғиб мегардад.

Инчунин ба муносибати ташрифи меҳмонон ва бо мақсади хушҳолии онҳо дар тарабхонаи «Шоми Қалъа» дастархон ороста, базми рақсу суруд доир гардид.

Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод»  ҳамзамон  мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисорро  тамошо  карда, бо ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик  аз наздик  шинос шуданд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 28, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид