Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Июнь 16, 2026 19:16

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро доир ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавот шунида, оид ба суръат бахшидан ба кишти такрорӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёи Панҷ дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво ва сатҳи оби дарё шунида шуд. Зимнан оид ба тезондани раванди соҳилмустаҳкамкунӣ ва назорати сатҳи оби дарё ба роҳбарияти вилоят супоришҳои муайян дода шуд.

Доир ба ҳамин мавзӯъҳо, ҳамчунин ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷ шунида шуда, ба онҳо низ доир ба ҷамъоварии саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ ва самарабахш ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар маҷрои дарёи Панҷ супоришҳо дода шуд.

Илова бар ин, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин низ вазифадор шуданд, ки дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон вазъи баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро таҳти назорати бевосита гирифта, дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.

Июнь 16, 2026 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд