Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд

Июнь 16, 2026 19:00

РАШТ, 16.06.2026/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб», ки дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ аст, бо ҷалби зиёда аз 70 нафар кӯдакону наврасон ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ «Камароб» ба мактаббачагон гуфта шуд, ки шумо дар ин ҷо таътили тобистонаро бофароғат гузаронида, бо неруи тоза ба соли нави хониш омодагӣ дида, ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар мактаб бояд бо дониши хубу аъло таҳсил намоед.

Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бунёд гардидааст, ки он бо нуқтаи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад.

Дар ин макони фароғатӣ омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият намуда, мураббияҳо аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин барои босамар гузаштани вақти хонандагон баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Шералӣ Ҷомиев, имсол ин истироҳатгоҳ дар чор баст бо фарогирии 200 нафар кӯдакону наврасон фаъолият мекунад. Инчунин дар басти алоҳида тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ҷалб мегарданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд