МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тарбуз яке аз маҳсулоти полезӣ ва серистеъмол дар фасли тобистон аст. Дар Тоҷикистон онро муфидтарин зироати полезӣ медонанд. Дар дохил ва хориҷӣ мамлакат талабот ба он бештар мегардад. Зеро он дорои 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мебошад. Ҳанӯз 4000 сол пеш дар Мисри қадим тарбуз чун ғизою даво маълум буд.
Технологияи парвариши тарбуз чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Кишоварзони мамлакат тарбузро дар заминҳои кушод бо тухмӣ ва бо таъмини намии замин парвариш менамуданд. Имрӯз бошад, барои гирифтани ҳосили фаровон ва барвақтӣ технологияи муосири обёрии қатрагӣ ва зери плёнка истифода мешавад.
Пеш аз кишт замин бояд бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин карда шавад. Тухмиҳоро дар маҳлули заифи перманганати калий тар карда, гирифтан лозим аст. Кишти тухм ё кӯчати он то чуқурии 10 сантиметр ва дар ҳарорати хок то 15+18 дараҷа гармӣ шинонида мешавад. Масофаи байни қаторҳо 1,5 — 2 метрро ташкил бояд диҳад, зеро навдаҳои он дар замини кушод хуб ҳосил медиҳад. Дар давраи гулкунӣ ва тухмбандӣ обёрии муътадил талаб карда мешавад.
Тарбуз ба саломатӣ чӣ фоида дорад?
Мутахассисони соҳаи тиб маслиҳат медиҳанд, ки дар фасли тобистон барои организми инсон дар мубориза бо нури ултрабунафш якчанд маҳсулот зарур аст, ки асосиаш тарбуз мебошад. Тарбуз организмро аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад. Инчунин дар он моддаи ликопин мавҷуд аст, ки барои мубориза бо радиатсияи гуногун ёрӣ медиҳад.
Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Агар дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад. Тарбузро воситаи беҳтарини пешоброн ва давои дарди гурда мешуморанд. Дар он моддаҳои нитрогендор, витаминҳои В1, В2, С кислотаҳои фолиёвӣ, каротин, ки давои беморони қанд маҳсуб меёбад, мавҷуд аст. Тарбузро зимни табобати артрит, фаромӯшхотирӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Тӯлонӣ истеъмол намудани тарбуз илтиҳоби меъдаро даво мебахшад.
Инчунин донаи тарбуз аз равған (25-30 фоиз) бой аст. Хосияти пешобронии тарбуз ба беморони гирифтори гипертония, бемориҳои гурдаву роҳи пешоб фоидаи зиёд дорад. Гирифторони диабети қанд бояд дигар маҳсулоти карбогидратдорро кам намуда, бештар тарбуз истеъмол намоянд. Барои беморони зардпарвин низ беҳтарин ғизои парҳезӣ тарбуз ба шумор меравад.
Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонанд. Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст.
Тарбузи хуб пухтарасидаро чӣ гуна интихоб кард?
— Тарбузи пухтарасида аз рӯи қоида калонҳаҷм буда, вазни он нисбат ба андозааш камтар мебошад, аз ин сабаб ҳангоми харидорӣ тарбузи вазнаш нисбат ба ҳаҷмаш сабуктарро интихоб намоед ва агар мавсими тарбуз каме гузашта бошад, аз ҳад зиёд сабукашро интихоб накунед, зеро он аз ҳад зиёд пухта расида, обаш кам шудааст ва таркибаш ҳам монанди «пахол» гаштааст.
— чӣ қадаре, ки фарқ байни рангҳои равшан ва торики рахҳои тарбуз зиёдтар бошад, эҳтимоли сурх ва ширин будани тарбуз зиёд аст ва аз ин сабаб ҳангоми харидорӣ ба ранги тарбуз диққат диҳед.
— донандагон тарбузи пухтарасидаро ба воситаи даст кардан ва фишурдан муайян карда метавонанд. Ҳангоми бо пушти ангушт задан, агар ҳар чӣ қадаре садои он баландтар (монанди доира) барояд, ҳамон қадар тарбуз пухтагӣ ва ширин мешавад.
— одатан тарбузи пухтарасида дар он қисми пӯчоқи худ, ки ҳангоми нашъунамо ба замин хобида буд, доғи зард пайдо мекунад. Дар тарбузи хом бошад, ин доғҳо сафедтар мебошанд.
— тарбузи дер боз ба фурӯш нарафта аз тарбузи тару тоза бо он фарқ мекунад, ки рангаш хиратар шудааст ва ҳангоми даст кардан мулоимтар мебошад. Тарбузи тару тоза баръакс, рангаш равшан мебошад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?
Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад






