МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли бодиринг барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад

Июнь 7, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бодиринг яке аз сабзавоти маъмул дар Тоҷикистон буда, истеъмоли он ба бисёр бемориҳо фоида дорад. Бодирингро ҳам барои саломатӣ ва ҳам барои зебоӣ истифода мебаранд. Таркиби бодиринг аз 90-95 фоиз об, витаминҳои С, К, В, минералҳои калий, магний ва нахи ғизоӣ (барои рӯдаҳо) иборат аст.

Илова кардани бодиринг ба ғизои ҳаррӯза метавонад на танҳо организмро солим нигоҳ дорад, балки ба саломатии дил, пӯст ва гурдаҳо низ таъсири мусбат расонад. Аз сабабе, ки дар таркиби бодиринг калий мавҷуд аст, он барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад. Бодиринг таъсири натрийро кам карда, ба беҳтар  намудани кори дил мусоидат мекунад.

Ҳамчунин бодиринг дорои нахи табиӣ мебошад, ки барои беҳтар кардани ҳозима ва пешгирии қабзият кумак мерасонад. Он барои хориҷ кардани токсинҳо аз организм, беҳтар шудани кори гурдаҳо ва пешгирии сангҳои гурда низ ёрӣ мерасонад.

Мутахассисони соҳаи тиб барои шахсоне, ки мехоҳанд вазни зиёдатии худро кам намоянд, истеъмоли зиёди бодирингро тавсия медиҳанд.  Зеро он ба зуд пур кардани шикам мусоидат намуда, эҳсоси гуруснагиро кам менамояд.

Бодиринг барои нигоҳубини пӯст низ хеле фоиданок аст. Онро ҳамчун ниқоб барои тароват бахшидан ва сабук кардани пӯст истифода мебаранд. Он равғанҳои қабати болоии пӯстро тоза мекунад.

Бодирингро дар шакли хӯриш, шарбат ва ҳамчун ғизои алоҳида истеъмол кардан мумкин аст. Баъди истеъмоли бодиринг нӯшидани оби хунук ё газдор, лимонад ва шир ҷоиз нест.

Ба тавсияи табибон тухми бодиринги кӯфта барои гардонидани варам кумак мекунад. Ҳар рӯз чор грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, захми шушро низ шифо мебахшад. Бодирингро пора карда, ба пешонӣ ва сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабаби он истеъмоли моддаҳои гарм бошад, рафъ мекунад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 7, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард