МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли райҳон ба кадом бемориҳо фоида ва чӣ зарар дорад?

Июнь 6, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар баргҳои тару тозаи райҳон равған, сафеда, карбогидратҳо, нахи парҳезӣ, витаминҳои В, бета-каротин, лютеин, холин, E, K, PP, C, A, равғани эфирӣ, фитонтсидҳо, макронутриентҳо: калий, калсий, натрий, магний, фосфор ва микроэлементҳои оҳан, мис, руҳ, селен ва марганетс мавҷуд аст. Истеъмоли он барои пешгирии бисёр бемориҳо кумак мерасонад.

«Шоҳиспарам», «шоҳиспарғам» ва  «нозбӯ»

Райҳонро дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон  «шоҳиспарам», «шоҳиспарғам» ва  «нозбӯ» низ мегӯянд. Райҳон растании хеле кадимӣ буда, дар Мисри кадим онро барои мумиё кардан истифода мебурданд. Райҳони хушбӯйро ҳам тару тоза ва ҳам хушк истифода менамоянд. Алҳол дар ҷаҳон 150 навъи ин растании нодир маълум буда, мардуми Ҳинд онро баъд аз лотос дуюмин растании муқаддас медонанд. Райҳон дорои рангҳои сафед, сабз ва бунафшу нофармон буда, бӯи хуши тунд дорад.

Райҳон хусусияти шифобахшӣ дорад

Мизоҷи райҳон дар дараҷаи якум гарм ва дар дараҷаи дувум хушк буда, барои бемориҳои зиёд дору мебошад. Аз ҷумла, панҷ грамм тухми райҳони хушкро кӯфта, бо об биёшоманд, варамҳои ҳамаи аъзоро таҳлил медиҳад. Оби райҳонро бо равғани кунҷид дар зарфе бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то равған худаш бимонад. Баъд онро ба зонуи дарднок бимоланд, нафъ мебахшад. Райҳони тар ё хушкашро ба ҳар тариқе, ки бихӯранд, суддаи майнаро мекушояд. Ҳар рӯз каме райҳонро кӯфта ё қимма карда бихӯранд, меъдаи сустро қувват мебахшад. Ҳар рӯз ду мисқол оби райҳонро бо шакар бихӯранд, дамкӯтаҳиро дафъ мекунад.

Кадом беморон бояд аз истифодаи райҳон даст кашанд?

Райҳон ба инфаркти миокард бо тромбоз, тромбофлебит, фишорбаландӣ, эпилепсия  зиддият дошта, нафароне, ки мубталои бемории диабети қанди дараҷаи 1 ва 2 ва  ихтилоли лахташавии хун мебошанд, наметавонанд райҳонро ба миқдори зиёд истифода намоянд. Инчунин истифодаи он барои кӯдакони то ҳафтсола тавсия дода намешавад. Дар таркиби растанӣ симоб мавҷуд аст, бинобар ин онро ба миқдори зиёд истеъмол кардан мумкин нест.

Чой аз райҳон хеле муфид аст

Райҳонро ба маънои гиёҳе аз хонаводаи наъно, ки баргҳо ва шохаҳои муаттари он барои хӯрок истифода мешавад, испарғам ва нозбӯй ҳам мегӯянд. Райҳон хосияти давогӣ дорад. Бахусус ҳангоми халалдор шудани асаб ва зарбаи руҳӣ бисёр муфид аст. Агар ҳар субҳ барги онро хоида партоед, микробҳои дар даҳон ҷамъшударо несту нобуд мекунад. Инчунин барои бемории бронхит истеъмоли нӯшобаи он фоида дорад, ки бояд давоми рӯз як стакани онро се тақсим карда нӯшид. Холестаринро кам мекунад, иштиҳоро меорад, барои хуб ҳазм намудани хӯрок низ кумак мерасонад. Чойи райҳон барои узвҳои нафаскашӣ, зиддиилтиҳобӣ ва антибактериявӣ хеле муфид буда, инчунин барои беҳтар шудани нафаскашӣ ва ихроҷи луоб мусоидат мекунад.

Райҳонро чӣ тавр бояд нигоҳ дошт?

Райҳонро дар яхдон дар зарфи пластикӣ 5-7 рӯз нигоҳ медоранд, ба шарте, ки намӣ набошад. Онро ба муддати дароз хушк кардан мумкин аст. Шохаҳои райҳонро бе реша дар зарфи муносиб гузошта, онро муддати 3—4 дақиқа бо оби сард шустан лозим аст. Баъди тоза кардан баргҳои райҳонро реза карда, дар рӯи коғаз, варақи нонпазӣ ё дар табақ паҳн намуда, дар соя ё дар ҷои шамолрас давоми се рӯз хушк кунед. Райҳони хушкро дар зарфи шишагӣ ё халтаи коғазӣ ҷойгир намудан ба манфиат аст. Муҳлати нигоҳдории райҳони хушкардашуда 2 сол аст.

Райҳон барои ҷалби ҳашароти фоидаовар мусоид аст

Тавре коршиносон иброз доштанд,  райҳон дар ноҳияҳои тобеи марказ дар байни киштзори пахта кишт карда мешавад. Он барои ҷалби ҳашароти фоидаовар аз табиат, ба мисли тиллочашмак, хабрабракон, момохолак ва фитоселюс хеле муфид аст. Инчунин шумораи кирми ғӯза, тортанаккана ва карадрин (сафедболак)-ро, ки зараррасони пахта мебошанд, кам мекунад. Ин раванд аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Бӯй кардани райҳон — давои дарди сар

Бӯй кардани райҳон дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Ҳар рӯз ду мисқол оби райҳонро бо шакар биёшоманд, сурфаро дур мекунад. Оби райҳонро бо равғани кунҷид дар зарфе биҷӯшонанд, то худи равған бимонад, молидани он ва хӯрданаш барои бемории фалаҷ даво аст. Истеъмоли райҳон барои хафақон дору мешавад. Райҳонро бихоянд, пухтани даҳанро шифо мебахшад. Райҳон буттае хушбӯйе аст, ки қариб тамоми сол парвариш карда мешавад.

Райҳон муҳити зистро хушу муаттар месозад

Агар чойи райҳонро бо барги райҳон омода намоянд, маззаи хубу нӯшиданибоб дошта, ба инсон ҳаловат ва нӯши ҷон мебахшад. Инчунин райҳон бо мақсади шифобахшию ҳифзи саломатӣ ва хуш гардонидани фазои муҳити зист дар радифи дигар гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва ба сабзазор табдил додани майдончаи полезӣ истифода бурда мешавад. Райҳон баргҳои байзашакл ва гулҳои сафед ё гулобӣ дорад, ки дар мавсими фасли тобистон хуб нашъунамо меёбанд. Бо назардошти он ки райҳон яке аз растаниҳои хушбӯй ва зебо аст, тоҷикон ва мардумони форсизабон ба духтаронашон Райҳона ё Бибирайҳон ном мегузоранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 6, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад