МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад
ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Помидор яке аз сабзавотҳои серғизои дорои хосиятҳои фоиданоки табиӣ мебошад. Дар таркиби он витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои антиоксидант мавҷуданд, ки ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд.
Дар таркиби помидор кадом витаминҳо мавҷуд аст?
Дар тарикиби помидор витаминҳои C, A, K ва B6 мавҷуд мебошанд. Инчунин минералҳои калий, марганес ва фосфори таркиби ин сабзавот барои тақвияти масуният ва саломатии пӯст фоидаовар мебошад.
Витамини А, ки дар помидор мавҷуд аст, барои беҳтар кардани биноӣ ва инчунин пешгирии нобиноӣ дар шабона ва дегенератсияи макулярӣ кумак менамояд.
Тибқи тадқиқот, помидор дар миқдори зиёди антиоксидант ликопен мавҷуд аст, ки дар коҳиш додани хатари саратон, бахусус саратони шуш, меъда ва простата самаранок аст.
Помидор фишори хунро низ муътадил нигоҳ медорад. Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, помидор метавонад то 40 фоизи арзиши ҳаррӯзаи витамини C-ро таъмин кунад. Ҳамчунин помидор системаи асабро қавӣ менамояд, таъсири зиддиилтиҳобӣ ва зиддибактериявӣ дорад, кори узвҳои ҳозимаро беҳтар месозад ва мубодилаи моддаҳоро ба эътидол меорад.
Киҳо бояд бештар помидор истеъмол кунанд?
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, ин сабзавот дорои моддаи ликопин мебошад. Ликопин дар пешгирии пайдоиши бемориҳои саратон, бахусус саратони ғадуди простата ва бемориҳои дил кумак мерасонад. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ин сабзавотро дар шакли тару тоза, дар хӯришҳо ё ҳамчун як қисми таомҳои пухта истифода баранд, ба саломатии инсон фоида дорад. Помидорро бо ғизоҳои гуногун истифода намудан бисёр муфид аст, зеро он сатҳи холестеринро паст ва пайдошавии суддаҳо (лахтаи хун, тромбҳо)-ро кам менамояд. Истеъмоли ин сабзавот ба онҳое, ки аз диабет, фарбеҳӣ ва мубодилаи моддаҳо ранҷ мекашанд, фоида дорад.
Помидор ба шахсони сигоркаш бисёр судманд аст. Агар онҳо доиман помидор истеъмол намоянд, баъзе моддаҳои таркиби помидор қатрони никотин (моддаи равғанмонанди сиёҳ) ва заҳрҳо (токсинҳо) –ро пароканда сохта, инчунин онҳоро аз шуш берун мекунад.
Мутахассисони соҳаи тиб ба нафароне, ки ҳасосияти ғизоӣ доранд, истеъмоли помидорро тавсия намедиҳанд. Аз истеъмоли помидорҳои дар намак ва сирко хобонида даст кашидан беҳтар аст, чунки онҳо ба шиддат ёфтани бемориҳои захми меъда ва дилу рагҳо мусоидат менамоянд.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон






