МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Олуболу ё олуча меваи серғизо ва шифобахш мебошад. Онро дар шакли тару тоза, хушкшуда ё ҳамчун шарбату мураббо истифода мебаранд.
Ба гуфти доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов дар тибби муосир ин меваро чун ғизои парҳезӣ ба беморони камхун ва камқувват ҳамчун ғизои витаминнок мефармоянд.
«Дар таркиби олуча витамини муҳими барои буня зарур — В2 мавҷуд аст, ки дар ҷараёни пухта расидани он миқдораш дар таркиби мева зиёд шуда, пас аз 10-15 рӯзи дигар боз зиёдтар мешавад. Дар таркиби олуболу маводи дигаре бо номи инозид мавҷуд аст, ки он хобро бароҳат, ангезишҳои асабро ором ва фишори баланди хунро паст мекунад. Таркиби бойи олуболу аз пектинҳо, ғизо ва маводи дигари фаъол бой буда, моҳияти онро ҳамчун ғизои парҳезӣ ва барои муолиҷаи бемориҳои ҳозима, аз ҷумла илтиҳоби камшири меъда, табларза, холесистит ва атеросклероз дучанд мекунад. Дар асри гузашта думчаҳои меваи олуболуро дар шакли обҷӯш ҳамчун пешоброн, зиддиихтилоҷ барои муолиҷаи варамҳои аз бемории дил сарзада, санги гурда истифода мебурданд», — афзуд номбурда.
Дар як таҳқиқоти соли 2011 собит шудааст, ки одамони калонсол, ки дар давоми ду ҳафта ду маротиба дар як рӯз як стакан шарбати олучаи табииро менӯшиданд, беҳбудии назарраси хобро изҳор доштаанд.
Олуболу ба беҳтар шудани мубодилаи моддаҳо кумак мерасонад. Нахи ғизоие, ки дар ин намуди мева мавҷуд аст, ҳисси сериро зиёд мекунад ва кори рӯдаҳоро беҳтар менамояд. Ин метавонад ба кам шудани иштиҳо ва назорат бурдан ба ҳаҷми хӯрданӣ мусоидат намояд.
Ба гуфтаи мутахассисон, олуча интихоби хуб барои ғизои кӯдакон мебошад. Мавҷудияти зиёди антиоксидантҳо ва витаминҳо имкон медиҳад, ки системаи масуниятро тақвият бахшад, ба афзоиш ва инкишофи муқаррарии кӯдак кӯмак расонад. Вале бояд эҳтиёт кард, зеро эҳтимолияти ба ҳассосият гирифтор шудан вуҷуд дорад, бинобар ин ворид кардани олуболу ба парҳези кӯдакон бояд бо эҳтиёт анҷом дода шавад.
Бояд гуфт, ки олуча дорои як қатор хусусиятҳои табобатӣ мебошад, ки ба туфайли он дар тиб истифода бурда мешавад. Хусусиятҳои антиоксидантии он метавонанд илтиҳобро кам кунанд, нишонаҳои артритро сабук намоянд ва саломатии пайвандҳоро нигоҳ дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд






