Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе, густариши ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории роҳу нақлиёт, ворид намудани барномаҳои муосири рақамӣ барои моделсозии системаҳои нақлиётӣ, идоракунии ҳаракати нақлиёт ва коҳиш додани тамбашавии роҳҳо, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани самаранокии низоми нақлиёти шаҳриро матраҳ намуданд.
Мусоҳибон барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин боз ҳам беҳтар намудани шароити ҳаракат дар шаҳри Душанбе омодагии худро баён доштанд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






