ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»

Июнь 10, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омода намудани кормандони муваққатие, ки дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ба сифати роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳон, ёвари маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, машваратҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки машваратҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ то 13 июн дар 22 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад.

Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Уктам Олимҷонзода иброз намуд, ки дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, таъмини шаффофияту адолат дар он ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлубу амалҳои коррупсинонӣ аз мову шумо вобастагии зиёд дорад.

Тибқи эълони пешакӣ, барои иштирок дар озмуни интихоби кормандони муваққатӣ ба ҳайси роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳон, ёвари маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ 4047 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.

Баъд аз омӯзиш ва таҳлилҳи ҳуҷҷатҳо ба 3765 нафар хоҳишманд иҷозат дода шуд, то ки дар машваратҳои омӯзишӣ иштирок намоянд. Аз байни онҳо 2600 нафар ба ҳайси роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳон, ёвари маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ интихоб ва ба кори муваққатӣ дар марказ ҷалб карда мешаванд.

Дар машваратҳои омӯзишӣ 35 нафар корманди дафтари асосии марказ ва 68 нафар тренер хоҳишмандони кори муваққатиро барои баргузории имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳоние, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкаил карда мешаванд, омода ва интихоб менамоянд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид