Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон

Июнь 28, 2026 08:00

28.06.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимаи қавмҳои ориёӣ – Тиргонро, ки бо обу борон, хуррамиву баракат ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо пайванди ногусастанӣ дорад, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям.

Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллиамон – Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз фарҳангу тамаддуни бостонии ниёгони мо дарак медиҳад.

Ин ҷашнҳо на танҳо таҷассумгари ҷаҳонбинӣ, фарҳанги кишоварзӣ, эҳтиром ба табиат ва арзишҳои инсондӯстонаи аҷдоди тоҷиконанд, балки ҳалқаи пайванди ниёгони мо бо наслҳои имрӯзаву ояндаи миллатамон мебошанд.

Тиргон, ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир ҷашн гирифта мешавад, ойини бузургдошти неъмати об, шукргузорӣ аз бориши борон, пухтани ҳосили зироатҳо, аз ҷумла гандум ва ҷашни заҳмати деҳқон ба шумор меравад.

Дар ин рӯз мардум бо баргузории ойинҳои суннатӣ орзуи фаровонӣ, ободӣ ва тандурустӣ мекунанд.

Имрӯз ҷашни Тиргон ҳамчун бахше аз мероси фарҳангӣ ва ҳувияти таърихии мардумони ориёинажод, аз ҷумла форсизабонон, рамзи ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ бо табиат ва гиромидошти суннатҳои ниёгон маҳсуб мешавад.

Як нуктаро борҳо таъкид кардаам ва ҳоло бори дигар хотиррасон месозам, ки ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон асоси ҳувияти миллии мо буда, ҳамчун мероси арзишманди фарҳангӣ бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шаванд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, талошҳои пайгиронаи давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи кишварамон имрӯз арзишҳои фарҳангии гузаштагони мо эҳё гардида, дар ҳаёти ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардаанд.

Фалсафаи Тиргон аз он иборат аст, ки ниёгони тоҷикон ҳанӯз дар давраҳои қадим аҳаммияти ҳаётбахши обро дар зиндагӣ ва рушди ҷомеа, кишоварзӣ ва пешрафти тамаддунҳо амиқан дарк мекардаанд.

Имрӯз низ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, яъне сарчашмаи об кишвари пешсаф буда, пайваста тадбирҳои сатҳи баландро доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ин самт роҳандозӣ менамоянд.

Боиси сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои байналмилалии кишвари моро дар самти ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо дар саросари ҷаҳон ҷонибдорӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки пуштибонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон, дар айни замон, эътирофи арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон аст.

Бо дарназардошти он, ки ҷашни Тиргон дар фарҳанги ниёгони мо рамзи эҳтиром ба об ва неъматҳои табиат мебошад, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ифодаи муосири ҳамин ҷаҳонбинӣ ва масъулияти инсоният дар назди наслҳои оянда мебошанд.

Баргузории Конфронси чаҳоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бори дигар нишон дод, ки масъалаи об на танҳо мавзӯи иқтисодиву экологӣ, балки омили муҳимми таъмини сулҳ, амният, рушди устувор ва ҳамкории байни давлатҳо ба шумор меравад.

Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист анъанаҳои неки фарҳангии гузаштагонро бо ҳадафҳои рушди устувори ҷаҳонӣ пайваст намояд.

Тиргон, тавре ки зикр гардид, ҷашни кишоварзон низ маҳсуб ёфта, рамзи заҳматдӯстӣ, фаровонӣ, эҳтиром ба замин ва неъматҳои табиат мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, истифодаи самараноки обу замин ва заҳмати софдилона дар фарҳангу ойинҳои миллии мо мақоми махсус дорад.

Имрӯз низ рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат буда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳадафи асосии мо ба шумор меравад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо такя ба суннатҳои неки аҷдодӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти боз ҳам бештари кишвари маҳбубамон талош менамоянд ва ҷашну ойинҳои бостонии миллиро гиромӣ медоранд.

Бовар дорам, ки ҷашни бостонии Тиргон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об моро ба ҳифзи захираҳои табиат, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бунёди ҷаҳони ободу осуда раҳнамун месозанд.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Тиргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тандурустӣ, сулҳу оромӣ, ризқу рӯзии фаровон ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.

Ҷашни Тиргон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Июнь 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд