РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар даромадгоҳи Боғи «Ирам»-и пойтахт Рӯзи фарҳангро бо ороиш ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллат оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш аҳли ҳунари шаҳри Турсунзода номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимию муосири ҳунарҳои мардумиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд.
Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, полезӣ, хушкмеваҳо ва дигар навъҳои он пешниҳод шуд. Инчунин дар қисати дигар боғ ҳунарҳои мардумӣ ва дастии бонувон, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр ба намоиш гузошта шуд буд.
Ташкилкунандагон иброз доштанд, ки ҳадафи асосии ин ташаббус танҳо баргузории чорабиниҳои идона набуда, балки таҳкими фазои ягонаи фарҳангии мамлакат ва шукргузори аз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Имрӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки бо фарҳангу суннатҳои як минтақаи мамлакат аз наздик шинос шаванд. Ҳунармандон беҳтарин ҳунарҳои ороишӣ-амалӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатиро ба намоиш гузоштанд, ки аз пурғановат будани фарҳанги миллат тоҷик дарак медиҳад.
Гуфта шуд, ки иқлими шаҳри Турсунзода барои рушди кишоварзӣ мусоид буда, ин минтақа дар парварзиши боғу токзор ва дигар зироати кишоварзӣ пешсаф аст. Дар ин рӯз масъулин шаҳр мавзеъҳои дилрабои шаҳри Турсунзодаро муаррифӣ намуданд.
Баргузории Рӯзи фарҳанг дар сатҳи баланди ташкилӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони шаҳри Турсунзода ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идонаро хотирмон намуданд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги дар шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардида, дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6 июн то 23 августи соли 2026 ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






