Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Бадр ибни Ҳамад Ал-Бӯсаидӣ нусхаи эътимоднома супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, пас аз анҷоми маросими расмии супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти хоссаи ҷонибҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкории судманд баррасӣ шуданд.
Сафири Тоҷикистон иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талош ва фаъолияти дипломатии худро ба таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва бародарона байни Тоҷикистону Умон равона хоҳад кард.
Зубайдулло Зубайдзода омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногун таъкид намуд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки густариши робитаҳои байниидоравӣ, фаъолсозии муколамаи сиёсӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ метавонад ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои ду давлат мусоидат намояд.
Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон омодагии кишварашро барои боз ҳам таҳким бахшидан ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.
Шайх Бадр ибни Ҳамад Ал-Бӯсаидӣ инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла иқтисод, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ аҳамияти хосса дод.
Дар анҷом, ҷониби Умон ба Сафири Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъдаи дипломатӣ комёбиҳо таманно намуда, изҳори боварӣ кард, ки муносибатҳои ду давлат дар марҳалаи нав бо мазмуни тоза ва натиҷаҳои амалӣ тавсеа хоҳанд ёфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






