ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд

Июнь 28, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шоми ваҳдату ҳамдилӣ» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик нақши бузург бозидааст.

Таъкид шуд, ки ҳар як сокини мамлакатро  мебояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намуда, аз қадру манзалат ва номи бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намояд.

Воқеан Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дарки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандустӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарварад.

Зимни ҳамоиш маърузаҳо оид ба нақши таърихии Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти мамлакат пешниҳод шуд. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардид.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд