Студияи наву муосир дар назди рӯзномаи «Навиди сино» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар назди Муассисаи давлатии рӯзномаи «Навиди Сино»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе студияи муосири расонаӣ бо фарогирии таҷҳизоти навтарин ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз рӯзномаи «Навиди Сино» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи студия роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои студияи нав таъкид гардид, ки ин иқдом барои татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ, рушди фазои иттилоотӣ ва таҳкими корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар студия сабти мусоҳибаҳо, барномаҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ, подкастҳо, суҳбату мулоқот бо олимон, адибон, коршиносон ва шахсиятҳои маъруф, инъикоси фаъолияти мақомоти давлатӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва омода намудани маводи гуногуни аудиовизуалӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода зимни суҳбат бо кормандони рӯзнома иброз дошт, ки рушди расонаҳои муосир ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ барои саривақт ба аҳолӣ расонидани иттилооти дақиқу боэътимод ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ аҳамияти хос дорад.
АКС: Муассисаи давлатии рӯзномаи «Навиди Сино»











Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






