Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Улан-Батор баррасӣ гардид

Июнь 18, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё, ки дар Муғулистон баргузор шуд, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зимни мулоқот бо директори Осорхонаи миллии Муғулистон Чулуун Сампилдондов масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи осорхонадориро баррасӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муштарак, табодули таҷрибаи касбӣ, ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди робитаҳои байналмилалии осорхонаҳоро муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкорӣ байни осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон метавонад ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ, густариши табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки осорхонавӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон директори Осорхонаи миллии Муғулистон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии муассиса, таҷрибаи роҳандозии намоишҳои муштарак бо осорхонаҳои хориҷӣ, татбиқи барномаҳои илмӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 18, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид