ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июн, ҷумъа, 163-юмин рӯзи соли 2026 аст
12 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари судманд аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия рафтанд. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.
***
12 июни соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай- «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Таҳкими ҳамкорӣ барои расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид. Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулини вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
12 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.
***
Дар Туркманистон — Рӯзи илм.
РӮЙДОДҲО:
12 июни соли 2025 дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии «Суғд – 2025» дар шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» бо иштироки зиёда аз 500 меҳмон беш аз 20 давлати ҷаҳон баргузор шуд.
***
12 июни соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.
***
12 июни соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Русия Борис Елсин роҳбари давлати ин кишвар интихоб гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1867 империяи Австро-венгриягӣ ташкил карда шудааст.
***
12 июни соли 1900 дар Олмон қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он бояд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта мешуд.
***
12 июни соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.
***
12 июни соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи телевизионии WCFL ба эфир баромаданд. Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.
***
12 июни соли 1934 дар Булғористон фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ манъ шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 бори нахуст ҳавопаймои ширкати миллии ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.
***
Соли 2017 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июн, панҷшанбе, 162-умин рӯзи соли 2026 аст






