ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июн, чоршанбе, 175-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 24, 2026 08:00

24 июни соли 2019  дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

Ҳамчунин дар ин рӯзи  соли 2019  пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия баргузор шуд.

***

24 июни соли 2018  дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.

***

24 июни соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар  доираи ҷаласаи  навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, ки кишвараш дар ин созмон ҳамчун нозир иштирок мекунад, мулоқот намуда, вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ намуданд.

***

24 июни соли 2013 дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии  китоби арзишманди таърихӣ- «Тоҷикон дар оинаи таърих»- и Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

24 июни соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

24 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии занони дипломат

***

 Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ.

РӮЙДОДҲО:

 24 июни соли 2008 дар Душанбе Боғи «Пойтахт» ба истифода дода шуд.

***

24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид.

***

24 июни соли 1940 аввалин маротиба камераҳои телевизионӣ барои нишон додани ҳодисаҳои сиёсии анҷумани ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Амрико истифода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1951 шабакаи телевизионии тиҷоратии ранга ба пахши барномаҳояш шуруъ кард.

***

24 июни соли 1973 Леонид Брежнев  ҳангоми сафари расмии худ ба Амрико иброз дошт, ки аллакай ҷанги сард ба итмом расидааст.

***

24 июни соли 1995 дар Африқои Ҷанубӣ Ҷоми ҷаҳон оид ба регбӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1930 аввалин маротиба барои бехатаргардонии ҳавопаймо дар Анакост (ИМА) радар истифода бурда шуд.

***

Соли 1947 аввалин маротиба дар осмон пайдо шудани объекти ношинос ба қайд гирифта шуд.

Июнь 24, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш