ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июн, шанбе, 178-умин рӯзи соли 2026 аст
27 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рудхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази хизматрасонию, тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон, ки дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур сохта мешаванд, шинос шуданд.
***
27 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ба истифода дода, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
***
27 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
27 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неъматҳои Помир» ва обҳои табиии ташнагишикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нарзани Помир»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
***
27 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастҷамъона баргузор гардида буд. Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногун шинос шуда, бо фаъолони ин соҳаи вилоят машварати корӣ доир намуданд.
27 ИЮН:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
***
Дар саросари ҷаҳон — Рӯзи моҳигирон.
***
Дар Узбекистон – Рӯзи кормандони матбуот.
***
Дар Русия — Рӯзи ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
27 июни соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.
***
27 июни соли 1930 ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Канада таъсис дода шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1968 дар Иттиҳоди Шуравӣ Қонун «Дар бораи ақди никоҳ» ба тасвиб расидааст.
***
27 июни соли 1986 дар раъйпурсии Ирландия аксарияти аҳолӣ ба ҷонибдории манъи талоқ овоз додаанд.
***
27 июни соли 2000 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имтиёзи якумраи иҷтимоӣ ба даст овард.
***
27 июни соли 1998 дар Туркия бар асари заминҷунбӣ зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1693 дар Лондон аввалин рӯзнома барои занон нашр шудааст.
***
Соли 1816 дар Петербург (Русия) аввалин биржаи русҳо ташкил карда шудааст.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июн, ҷумъа, 177-умин рӯзи соли 2026 аст
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






