Таом ва хӯришҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи хайриявии Бишкек таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар намоишгоҳи хайриявие, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, дар доираи чорабинӣ аз ҷониби намояндагии дипломатии Тоҷикистон таом ва хӯришҳои миллии тоҷикӣ, маҳсулоти туҳфавӣ, инчунин нӯшокиҳои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон пешниҳод шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва иштирокчиёни намоиш қарор гирифтанд.
Ин иқдоми хайриявӣ ба дастгирии хона-интернатҳои кӯдаконаи Қирғизистон равона гардида, маблағҳои ҷамъоваришуда ба кӯдакони бепарастор супорида мешаванд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври анъанавӣ ташаббусҳои башардӯстона ва хайриявиро, ки ба таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мусоидат менамоянд, дастгирӣ мекунад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






