Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA (солҳои 1970–2026), ки зимни ифтитоҳи Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Пешвои миллат эҳдо гардид, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ хабар медиҳад.
Ҳоло ин туҳфаи арзишманд дар толори намоиши туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи талаботи осорхонавӣ дар гӯшаи махсус ҷойгир карда шуда, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Таърихи рушди тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA аз соли 1970 инҷониб ширкати машҳури ҷаҳонии «ADIDAS» таъминкунандаи расмии тӯбҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол мебошад. Маҷмуи пешниҳодшудаи тӯбҳо рушди технологияҳои тарҳрезии беш аз панҷоҳсолаи футболи ҷаҳониро инъикос мекунад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






