Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо корҳои навсозии ин иншоот аз наздик шинос гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.
Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё чаманзори Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат пурра навсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Тибқи супоришҳо, мутахассисони соҳа айни замон барои сари вақт бартараф кардани он камбудиҳое, ки дар ҷараёни корҳои навсозии варзишгоҳ ошкор гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Бо мақсади иҷрои саривақтии супоришҳои мазкур дар шаҳр ситоди корӣ зери роҳбарии раиси шаҳр ташкил шуда, рафти корҳо зери назорат қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки 3 феврали соли 2025 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин, масъулони соҳаи футбол мулоқот карданд. Дар вохурӣ вазъи кунунии варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор тариқи монитор намоиш дода шуд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси шаҳри Ваҳдат дастур доданд, ки варзишгоҳи марказии шаҳр ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






