Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон Ёддошти тафоҳум табодул карда шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи асосии ин санад таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш мебошад.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро тавассути мубодилаи таҷриба ва дониш, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва рушди равобити касбӣ байни сохторҳои ду давлат тақвият бахшанд.
Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи таҷриба байни ҷавонони ду давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, рушди малакаҳои фарҳангӣ, ташкили мусобиқаҳо, чорабиниҳо ва фестивалҳои варзишӣ, рушди инфрасохтори варзиш, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои мазкур, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти идоракунӣ ва рушди муассисаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи ин санад ҷонибҳо барои пешбурди варзиши духтарон, рушди варзиши шахсони дорои имконияти маҳдуд, мубориза бар зидди допинг ва гузаронидани таҳқиқоту омӯзишҳои марбут ба физиологияи варзиш ҳамкориро густариш медиҳанд.
Барои таъмини иҷрои самараноки муқаррароти санад таъсиси кумитаи муштарак пешбинӣ шудааст, ки вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолият, таҳияи барномаҳои муштарак ва баррасии ҷараёни амалисозии ташаббусҳоро ба уҳда хоҳад дошт. Ҷаласаҳои кумитаи муштарак дар Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор мегарданд.
Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи ҷавонон ва варзиш заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии нав фароҳам оварда, ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






