Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд

Июль 24, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 30 августи соли 2026 дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа чордаҳ варзишгари Тоҷикистон иштирок менамояд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» аз байни мардон Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60, Эмомалӣ Нуралӣ ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг, Беҳрузи Хоҷазода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Шодмон Ризоев дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Сомонӣ Кишваров дар вазни то 100 кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100 кг иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқа аз байни духтарон Аҳлия Муминова дар вазни то 48 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг иштирок менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад