Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли 2026 зимни иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 1469 медал гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 33 медал зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Иброз гардид, ки ин натиҷа бозгӯи рушди соҳаи варзиш, мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, баланд гардидани маҳорати варзишгарон ва фароҳам будани шароити мусоид барои омодасозии онҳо ба мусобиқаҳои сатҳи баланд мебошад.
Имрӯз варзишгарони тоҷик бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа талошу ташаббуси созанда намуда, бо иродаи қавӣ ва матонату қаҳрамонӣ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.
Дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар саросари мамлакат садҳо иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла маҷмааҳои муосир, варзишгоҳҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки сокинон, махсусан наврасону ҷавонон ба машқу тамрини мунтазам ҷалб гарданд.
Раванди бунёдкорӣ имкон додааст, ки варзиш на танҳо ҳамчун воситаи солимгардонӣ, балки чун мактаби тарбия, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷомеа мақоми хос пайдо намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






