Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 25 июл дар шаҳри Ҳисор чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳила баргузор шуда, ҳар даста се вохӯрӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз ҷамъ мекунад, соҳиби унвони қаҳрамонӣ мешавад.
Барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин чемпионат яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028, ки аз 28 август то 5 сентябри соли оянда баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






