Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд

Июль 18, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб дар доираи омодагӣ ба қисми дуюми мавсим даврҳои омӯзишии «FIFA MA Elite Referees Course» оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Машғулиятро дастурдиҳандаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Ҳакан Аназ аз Австралия баргузор намуда, ба ӯ инструктори омодагии ҷисмонии доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Кристина Пронженко кумак мерасонад.

Дар даврҳо 35 довар, аз ҷумла 12 довари марказӣ, 21 ёвари довар, як довари VAR ва як ёвари эҳтиётӣ иштирок доранд. Ҳамчунин нозирони Лигаи олии Тоҷикистон ба барномаи омӯзишӣ ҷалб шудаанд.

Дар рӯзи якуми даври омӯзишӣ ҳама иштирокчиён аз санҷишҳои ҳатмии омодагии ҷисмонӣ муваффақона гузашта, омодагиашонро барои фаъолият дар қисми дуюми мавсим тасдиқ намуданд.

Даврҳои омӯзишии панҷрӯзаи ФИФА то 20 июл идома ёфта, машғулияти назариявӣ ва амалиро дар бар мегиранд. Дар доираи онҳо доварон бо навтарин тағйироту тавсияҳои қоидаҳои доварӣ, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026 татбиқ мешаванд, шинос мегарданд.

Тавре роҳбари Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев иброз дошт, аз қисми дуюми мавсим дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон якчанд навовариҳое ҷорӣ хоҳанд шуд, ки аллакай дар Ҷоми ҷаҳон-2026 истифода шудаанд ё ҳоло дар марҳилаи озмоиш қарор доранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 18, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад