«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон–«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин хусус 10 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки филм дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Нахустнамоиши он дар кинотеатри «Ватан» баргузор мешавад. Барои намоиши босифати филм дар кинотеатр таҷҳизоти муосири техникӣ насб гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуд.
Ба таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду мамлакат ҷалб гардид. Онҳо дар якчанд мулоқот дар Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ намуданд. Дар доираи омодагиҳо аксу наворҳо аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Эрон омода карда шуданд.
Ин асар саҳифаҳои дурахшони таърихи муштараки мардумони тоҷику узбекро инъикос менамояд. Инчунин нақши ин ду нобиғаи Шарқро дар рушди адабиёт, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ бо забони синамо ба риштаи тасвир мекашад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






