Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар Душанбе ҷаласаҳои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика (World Gymnastics) оғоз гардиданд, ки то 25 июл идома меёбанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаҳо Президенти Федератсияи ҷаҳонии гимнастика Моринари Ватанабэ, Президенти Иттиҳоди гимнастикаи Осиё Абдурраҳмон Ал-Шатри, ноибони президент, Котиби генералӣ, аъзои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроия, инчунин роҳбарони федератсияҳои миллии гимнастика ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.
Зимни баргузории ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи гимнастика, такмили низоми идоракунии федератсияи байналмилалӣ, омодагӣ ба бузургтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ, рушди ҳама равияҳои гимнастика ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Гуфт шуд, ки Тоҷикистон нахустин маротиба мизбони ҷаласаҳои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардидааст. Ин нишонаи эътимоди баланди ҷомеаи байналмилалии варзиш ва афзоиши нуфузи Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар назар аст, ки дар доираи ин ҷаласаҳо вохӯрӣ, шиносоӣ бо иншооти варзишӣ, инчунин баррасии дурнамои рушди намудҳои гимнастика баргузор гардад. Инчунин масоили омодасозии варзишгарон ва мутахассисон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори муосири варзишӣ низ баррасӣ мегардад.
Баргузории ҷаласаҳо дар шаҳри Душанбе имконоти навро барои рушди гимнастика дар мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонии варзиш фароҳам меоранд.
АКС: Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд






