ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ

Июль 1, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар самти масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва ҳоло таҳкими сулҳро пешниҳод намуда, тавонист дастгириию ҳамовозии ҷомеаи байналмилалиро ба даст орад. Ин ҳама аз болоравии обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва эътимоди давлатҳои ҷаҳон ба сиёсати хориҷии он шаҳодат медиҳад. Чунин иброз гардидааст дар мақолаи Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода дар мақолааш бахшида ба қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар идомаи мақола чунин ибрози назар гардидааст:

-Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки имрӯз давлати мо ба яке аз пешоҳангони дипломатияи созанда дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қатъномаи махсус таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» яке аз ташабуссҳои навбатии мамлакати мост, ки дар вазъияти имрӯзи ҷаҳон амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Барои Тоҷикистон ин қатънома танҳо як муваффақияти дипломатӣ нест, балки масъулияти нав низ мебошад. Татбиқи амалии ғояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли ватандӯст, рушди маърифати сиёсӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҷомеа қарор дошта бошад. Зеро сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ масъулияти баландро талаб мекунад.

Ҳамаи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон танҳо марбути некуаҳволию осудаҳолии мардуми давлати мо набуда, балки барои халқҳои ҷаҳон нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои ба обу ҳифзи пиряхҳо вобаста, ки чандин сол боз дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст, бо амалӣ гаштанашон ба миллионҳо сокини рӯи Замин барои зиндагии арзандаю шоиста мусоидат хоҳанд кард. Зеро имрӯз дар ҷаҳон миллионҳо одам аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашаду миллионҳо нафари дигар аз хароб будани муҳити зист дар азоб аст. Ташаббусҳои Пешвои миллат барои осону сабук гардондани ҳамин мушкилот аст.

Имрӯз миллионҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз оқибатҳои ҷанг, муҳоҷирати иҷборӣ, фақр ва ноамнӣ ранҷ мебаранд. Дар чунин вазъият ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар аз ҳар вақти дигар ба ташаббусҳое ниёз дорад, ки арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии инсониро тақвият бахшанд. Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки арзиши сулҳро аз таҷрибаи талхи таърих омӯхтааст. Бо сарварии Пешвои миллат ва азму талоши мардум бо баҳои ҷон сулҳ дар Тоҷикистон пойдор гардид.

Қатъномаи қабулшуда солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории васеъ барои таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги муколама, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли сулҳпарвар даъват мекунад. Дар маркази ин ташаббус инсон, бахусус кӯдакон ва ҷавонон қарор доранд, зеро маҳз онҳо ояндаи ҷомеа ва ҷаҳонро месозанд. Тарбияи онҳо дар руҳияи сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ метавонад барои пешгирии низоъҳои оянда заминаи устувор фароҳам оварад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин қатънома он аст, ки сулҳ танҳо ҳамчун набудани ҷанг арзёбӣ намешавад. Сулҳи воқеӣ танҳо дар ҳолате пойдор мемонад, ки дар ҷомеа адолат, баробарӣ, муколама, эътимоди байни мардум ва имкониятҳои баробар барои рушди инсон таъмин бошанд. Аз ин рӯ, ин санад давлатҳоро ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, мусолиҳа, ҳамбастагии байни наслҳо ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа даъват менамояд.

Қатънома инчунин таҷрибаи мусбати давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро дар роҳи ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ истиқбол намудааст. Ин далел нишон медиҳад, ки сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд ҳатто масъалаҳои бисёрсолаи мураккабро тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ ҳалу фасл намоянд.

Аҳамияти дигари ин санад дар он ифода меёбад, ки он тамоми сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳукуматҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикони рушдро барои татбиқи ҳадафҳои қатънома муттаҳид месозад. Ин маънои онро дорад, ки таҳкими сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест, балки рисолати муштараки созмону ташкилотҳо, тамоми инсоният мебошад. Ҳар як созмону ташкилот, идораю корхона, омӯзгор, табиб, рӯзноманигор, зиёӣ, донишҷӯ, ҷавон ва фаъоли ҷомеа метавонад дар тарғиби фарҳанги сулҳ саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар маҷмуъ, қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда боз як саҳифаи дурахшони фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит сохт, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва пуштибонӣ мешавад. Дар ҷаҳоне, ки ҳамарӯза ба сулҳу субот эҳтиёҷ дорад, чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими ҳамбастагии инсоният, пешгирии низоъҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо мусоидат намоянд.

Сулҳ арзишест, ки бе он ҳеҷ пешрафт, ҳеҷ рушд ва ҳеҷ ояндаи устувор вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон на танҳо дастоварди як давлат, балки саҳми арзишманд дар роҳи бунёди ҷаҳони осоишта, амн ва инсонмеҳвар барои тамоми башарият мебошад.

Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ қарор дошта, сиёсати давлатӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва саноатикунонии босуръат равона гардидааст. Заминаи асосии ин пешрафт сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз, сулҳу субот аст, ки мардуми тоҷик бурдборона ба корҳои созандагию ободонӣ машғуланд ва ба муваффақиятҳои арзанда ноил гашта истодаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд