Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шаҳри Ню-Йорк фестивали футбол баргузор менамояд, ки дар он беш аз 100 кӯдаки гуногунсол ва намояндагони миллатҳои мухталиф иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал 16 июл, соати 09:00 ба вақти Ню-Йорк дар маҷмааи варзишии «Kingsborough Athletics Field», воқеъ дар Бруклини шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад.
Дар доираи чорабинӣ эстафетаҳо, бозиҳои шавқовар, машғулияти омӯзишӣ ва дигар барномаҳои варзишию фароғатӣ ташкил карда мешаванд.
Баргузории фестивал аҳамияти ташаббуси таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст, таъкид менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






