ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад

Июль 30, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ пас аз танаффуси қариб якмоҳа бо бозиҳои даври 13-ум оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки ду бозии аввали даври 13-ум 31 июл доир гардида, дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд бо «Сардор»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд. Ду бозии дигари даври навбатӣ 1 август байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе доир мегарданд. Дар ду бозии охирини даври 13-ум, ки 2 август баргузор мегарданд, дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан рақобат хоҳанд кард. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ зинаи аввалро касб кардааст.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад. Дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 24-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд. Дастаҳои футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо 6 имтиёз ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 5 имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор доранд. Воқеъан, дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ягона дастаест, ки то ҳоло ғалаба накардааст.

Хотиррасон мешавем, ки равзанаи гузариши тобистона ё давраи бақайдгирии футболбозон дар Тоҷикистон аз 1 то 29 июл идома кард. Дар ин муддат дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон бозингарони навро барои иштирок дар қисми дуюми мавсим ба ҳайати худ дохил намуданд. Дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум доир шуд, 12 даста иштирок дорад. Чемпионати Тоҷикистон дар ду давра доир мегардад ва ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имсол дар мусобиқаи Лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали чемпионати Тоҷикистон дар соли 2026 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 30, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд