Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад

Июль 18, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе то 42+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона  32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 дараҷа гарм, рӯзона 42+47 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 42+44 дараҷа гарм мешавад.

Июль 18, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид