МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст

Июль 2, 2026 14:37

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гелос яке аз меваҳои фоиданок буда, дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Мисли дигар меваҳо, гелос ҳам хусусияти шифобахшӣ дорад. Ниҳоли он баъди чор сол самара медиҳад. Гелос дарахти серҳосил буда, то 250 — 300 килограмм ҳосил медиҳад.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст. Кӯфтаи гулу барги тари онро барои ҷароҳат, ҳафтпӯст ва доғи кунҷитак истифода мебаранд.

Шарбати гелос барои пайванду буғумҳо фоидаи калон дорад. Таъсирнокии шарбати гелос ба доруи ибупрофен монанд аст. Дар тибби тоҷик аз навъи меваи гелос зиёд истифода мебаранд, аз ҷумла он барои бемориҳои рутубати узвҳои нафас истифода мешавад. Дар мавсими гармо аз ин навъи мева метавон, ки шарбатҳои гуногуни тару тоза омода намуд. Яке аз хусусиятҳои ин мева дар он аст, ки таомро зуд ҳазм мекунад.

Таркиби ин мева аз калий ва оҳан бой буда, барои муътадил нигоҳ доштани фишори хун ва камхунӣ манфиатбахш мебошад. Витаминҳои А, В, С ва Е, ки дар таркиби гелос мавҷуданд, барои пӯст, мӯй ва нохун манфиатбахш мебошад. Аз таъсири витаминҳои дар гелос буда, пӯсти бадан мулоим, мӯйҳо ҷилонок ва нохунҳо боқувват мегарданд.

Бояд гуфт, ки дар баробари фоидаи зиёд доштани ин мева ҳамчун манбаи витаминҳо барои калонсолон истифода бурда мешавад. Инчунин тибқи татқиқоти мутахассисон, барои кӯдакон низ тавсия дода мешавад. Яке аз манфиатҳои ин мева дар он аст, ки хусусияти оромкунанда дорад. Агар фарзанди шумо хоби хуб надошта бошад ё аз ҳад зиёд фаъол бошад, ба ӯ шарбати гелос диҳед. Илова бар ин, нӯшидани шарбат барои паст кардани ҳарорати баланди бадан таъсир мерасонад. Инчунин ин навъи мева барои мубориза бо табларза ва ҳангоми шамолкашӣ низ кумак мекунад.

Аммо волидайн набояд фаромӯш кунанд, ки истеъмоли он бо донааш ба кӯдакон зарар дорад. Агар кӯдак донаки зиёди гелосро истеъмол намояд, он метавонад оқибатҳои нохушро ба миён орад.
Хусусияти дигари гелос дар он аст, ки истеъмоли он боиси кам гардидани вазни инсон мегардад. Гелос аз сабаби миқдори ками калория, ҷузъи дилхоҳи парҳез ва аз даст додани вазн мебошад. Илова бар ин, он манбаи ғании пектин, нахи ҳалшавандаи ғизоӣ аст, ки ҳангоми дучор шудан ба об ҳаҷми онро зиёд мекунад ва меъдаро ба муддати дароз пур намуда, эҳсоси серӣ мебахшад.

Барои занони ҳомила истеъмоли гелос боиси коҳиш додани рагҳои варикоз мегардад. Гелос дорои хосиятҳои антиоксидантӣ мебошад, ки пиршавии баданро суст мекунад. Инчунин бояд гуфт, ки бисёре аз маҳсулотҳои косметикӣ дорои шарбати гелос мебошанд.

Шахсоне, ки захми меъда, бемории аллергияи даҳон, хориш, атса, нафастангӣ ё диабети қанд доранд, гелосро танҳо бо тавсияи табибон метавонанд истеъмол намоянд.

Меваи гелос равандҳои илтиҳобиро дар бадани инсон кам намуда, иммунитетро мустаҳкам нигоҳ медорад. Яъне, он хавфи саратонро кам мекунад.

Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшобаи гелосро барои иштиҳо ва ҳаҷми хӯрок истифода менамуданд. Ба таъкиди табибон агар гелосро истеъмол намоед, дарунро тоза мекунад, шикамро мулоим мекунад ва агар хушкашро истемол намоед, дарунро мебандад. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Инчунин дар як рӯз аз 200 то 300 грамм истеъмол кардани нӯшобаи гелос тавсия дода мешавад. Аз меваи гелос шарбат, нӯшоба ва мураббо тайёр менамоянд. Аз тухми он равғани эфир истеҳсол мекунанд.

Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2026 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад