НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд

Июль 13, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мутобиқ намудани омодасозии мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат дар соли таҳсили 2026–2027 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар зинаи бакалавр шаш ихтисоси нав ташкил карда шуд. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шарҳ дода шуд, ки ин ихтисосҳо–«Забонҳои муосири хориҷӣ (забони англисӣ ва забони чинӣ)», «Педагогикаи рақамӣ», «Филология ва таълими забонҳо (забони тоҷикӣ ва забони англисӣ)», «Филология ва таълими забонҳо (забони узбекӣ ва забони англисӣ)», «Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ» ва «Таҳсилоти томактабӣ. Забони англисӣ» мебошанд.

Иброз гардид, ки бо қарори Шурои олимони донишгоҳ 50 донишҷӯ аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил пурра озод карда шуд. Инчунин барои 21 нафар 50 фоиз сабукӣ муқаррар гардид.

Ба иттилои ректор, дар доираи тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ ҳамчунин 19 омӯзгор аз пардохти маблағи хобгоҳ озод гардида, 8 омӯзгор барои тасдиқи рисолаҳои номзадӣ ҳар кадом бо маблағи 5000 сомонӣ ҳавасманд карда шуд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 10  омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла 8 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Ҳамзамон рисолаҳои 10 унвонҷӯ ва докторант барои дифоъ ба шуроҳои диссертатсионӣ пешниҳод гардиданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд