НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони тоҷик барои ихтироъ 11 патент ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуи илмӣ, аз ҷумла 65 мавзуи бунёдӣ, 9 мавзуи амалӣ ва 25 мавзуи бунёдию амалӣ идома дода, дар самтҳои афзалиятноки илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз ҷумла дар соҳаҳои об, гидроэнергетика ва экология моделҳои нави идоракунии захираҳои об, арзёбии тағйирёбии иқлим ва истифодаи биогаз пешниҳод гардиданд. Дар соҳаи пиряхшиносӣ коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо муайян карда шуд. Дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ ва радиатсионӣ таҳқиқоти маъданҳои урану торий, назорати радиатсионӣ ва амнияти биологӣ анҷом дода шуданд. Дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пешрафтҳо дар зеҳни сунъӣ, киберамният, энергетикаи барқароршаванда, наноматериалҳо ва моделсозии интеллектуалӣ ба даст омаданд.
Дар давраи ҳисоботӣ олимони академия 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф ба объектҳои моликияти зеҳниро ба даст оварданд.
Дар натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии анҷомдодаи олимони академия дар нимсолаи якуми соли 2026 зиёда аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонида шуд. Аз ҷумла: 43 монография, 68 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас ва каталогҳо ва зиёда аз 1200 мақолаи илмӣ. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ зиёда аз 800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла беш аз 470 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расиданд.
Ҳамчунин зиёда аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур нашр гардид, ки аз онҳо зиёда аз 80 мақола дар пойгоҳи байналмилалии SCOPUS ва беш аз 170 мақола дар РИНС ҷой дода шуданд. Дар баробари ин, кормандони илмии академия зиёда аз 1250 мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расонида, дар паҳн намудани донишҳои илмӣ дар байни ҷомеа саҳм гузоштанд.
Бо мақсади таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор 8 технология ва 4 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардид, ки ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия равона шудаанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






