НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар хориҷи мамлакат иштирок намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 40 адад бештар медал ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 480 варзишгар, аз ҷумла 137 бонуи аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 87 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 278 медал, аз ҷумла 76 тилло, 88 нуқра ва 114 биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 40 медал, аз ҷумла 7 тилло, 14 нуқра ва 17 биринҷӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита дар доираи Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 дар шашмоҳаи якуми соли 2026 87 чорабинии варзиши касбӣ бо фарогирии 12 528 нафар варзишгарон, аз ҷумла 2 873 нафар занон баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 278 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон баланд бардошта шуда, 76 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар самти варзиши касбӣ 5 420 чорабинии варзиши касбӣ бо фарогирии 175 293 нафар варзишгарон баргузор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 аз лиҳози чорабинӣ 108 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 6 650 нафар зиёд мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






