Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар дар робита ба даргузашти Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ — Падарамири Давлати Қатар иброз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, ки солҳои 1995–2013 Давлати Қатарро роҳбарӣ намудааст, 12 июли соли 2026 дар 74-солагӣ аз олам даргузашт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд






