Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид

Июль 11, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади муаррифии таъриху фарҳанг, расму оинҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бошукуҳ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонон ва сокинони пойтахт аз намоиши дастовардҳои ноҳияи Фархор дидан намуда, бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаи ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанги ноҳия аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба имконоти сайёҳӣ ва рушду пешрафти ноҳия маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ омили таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ байни минтақаҳои мамлакат мебошад.

Ҳунармандони ноҳияи Фархор бо барномаи хотирмони фарҳангӣ, пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстонаю рақсҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд