Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика (World Gymnastics) баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаҳо Президенти Федератсияи ҷаҳонии гимнастика Моринари Ватанабэ, Президенти Иттиҳоди гимнастикаи Осиё Абдурраҳмон Ал-Шатри, ноибони президент, Котиби генералӣ, аъзои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроия, инчунин роҳбарони федератсияҳои миллии гимнастика ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.
Зимни баргузории ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи гимнастика, такмили низоми идоракунии федератсияи байналмилалӣ, омодагӣ ба бузургтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ, рушди ҳама равияҳои гимнастика ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон нахустин маротиба мизбони ҷаласаҳои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардидааст. Ин нишонаи эътимоди баланди ҷомеаи байналмилалии варзиш ва афзоиши нуфузи Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.


Таъкид гардид, ки дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омили аслии фароҳамшавии шароит барои тамрину ташаккули ин намуди варзиш ва баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат мебошад.
Ҳамчунин лоиҳаи Маркази гимнастика дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид, ки бунёди он ба ташаккули бозиҳои гимнастикӣ ва фароҳамоварии шароит ҷиҳати баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастика мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи рушду татбиқи ҳамкорӣ соли 2027 бори якум дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар доираи ин ҷаласаҳо вохӯрӣ, шиносоӣ бо иншооти варзишӣ, инчунин баррасии дурнамои рушди намудҳои гимнастика баргузор гардид.
Баргузории ҷаласаҳо дар шаҳри Душанбе имконоти навро барои рушди гимнастика дар мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонии варзиш фароҳам меоранд.
АКС: Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






