Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» китоби нависанда Садриддин Ҳасанзодаро таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» ба нашр расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоб фарогири мақолаҳо буда, дар он офаридаҳои муаллиф дар жарнҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд. Дар бештари мақолаҳои китоб масоили маърифати диёр ва ойини ватандӯстӣ, фалсафаи зиндагӣ, ҳақиқати инсон ва маънии ҳастӣ дар олами воқеӣ инъикос гардидаанд. Дар китоб инчунин ҳикояҳо, лавҳа ва очеркҳо нашр шудаанд.
Китоби «Аз ёдҳо фарёдҳо» ба доираи васеи хонандагон тавсия мегардад, зеро он ба тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстии насли ҷавони мамлакат ва эҳтироми фарҳанги ниёгон мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки Садриддин Ҳасанзода муаллифи маҷмуаи қиссаву очерку ҳикоя ва тарҷумаҳои «Кабки рав» (1989), «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Чароғи давра» (1989-2014), «Сарбози ҳақиқат», «Роғун: баҳс ва воқеият», «Гардишҳои тақдир», «Аз решаҳо то гӯшаҳо», «Зиндагӣ дарёст…», «Оини суханварӣ» (шарикмуаллиф С.Сабзаев), «Иншои нотамом», панҷоҳ мақолаи илмӣ-публитсистӣ, ҳамчунин муаллиф ва таҳиягари филмҳои мустанади «Марди ҷонфидо», «Дурахши наҷм», «Варзикиён», «Умри барқ» ва «Суруди зиндагӣ» мебошад.
Барои филмҳои мустанади «Ҷилои шамшер», «Бешаи палангон», «Аҷинатеппа» барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва барои «Фарас» (коргардон Н.Раҳмон) ғолиби Озмуни байналмилалии филмҳои телевизионӣ (робитаи инсону табиат) дар шаҳри Теҳрон гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






