ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июл, чоршанбе, 182-юмин рӯзи соли 2026 аст
1 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба Украина дар бозии финалии Чемпионати Аврупо оид ба футбол иштирок намуданд.
***
1 июли соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ифтитоҳ гардид.
***
1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд.
***
1 июли соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуда, бо ёдоварӣ таъкид намуданд, ки «болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард».
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардид.
***
1 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
1 июли соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
***
1 июли соли 2023 Бонки Авросиёии рушд дар давраи солҳои 2023-2026 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд. Ин тавофуқ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Бонки Авросиёии рушд Николай Подгузов ба даст омад.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.
1 ИЮЛ:
Дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Чин– Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ.
***
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони андоз.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2010 хати барқи «Варзоб-Айнӣ», ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.
***
1 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3- юми Шурои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.
***
1 июли соли 1875 Иттифоқи байналмилалии почтаҳо ба фаъолият шуруъ намуд.
***
1 июли соли 1994 Бразилия пули миллиашро аз крузейро ба реал иваз кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1982 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса аввалин моҳвораи ҷустуҷӯкунанда ва наҷотдиҳандаро ба кайҳон равон карданд.
***
Соли 2000 дар Аврупо дарозтарин пул сохта шуд, ки Шветсияро бо Дания мепайвандад.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
1 июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт) Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба дунё омадааст.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июн, сешанбе, 181-умин рӯзи соли 2026 аст






