ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июл, ҷумъа, 191-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 10, 2026 08:00

10 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.

***

16 сол пеш, 10 июли соли 2010 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон «Олимпия» ба кор дароварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд.

***

10 июли соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиз»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди истифода қарор доданд. Ин иншоот дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии он беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.

***

10 июли соли 2023 бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар шаҳри Бӯстон Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Суғдпак» корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъмини сокинон бо ҷойи кор саҳми арзанда гузошта истодааст.

10 ИЮЛ:

Дар Мавритания — Рӯзи армия.

***

Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.

РӮЙДОДҲО:

10 июли соли 2012 ширкати хавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом дод.

***

10 июли соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов беҳтарин футболбози Русия интихоб гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.

***

10 июли соли 2017 Телевизиони Узбекистон филми мустанади «Узбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1847 аввалин маротиба 35 муҳоҷири кории Чин ба Амрико рафтанд.

***

Соли 1878 дар Англия аввалин маротиба довари бозии футбол ҳуштак истифода бурд. То он вақт доварони футбол бо овози баланд фарёд мекарданд.

***

Соли 1913 дар иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарорати баландтарини ҳаво – 57 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шуд.

***

Соли 1925 Агентии телеграфии Иттиҳоди Шуравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.

***

Соли 1962 ширкати «American Telephone and Telegraph»-и Амрико ба воситаи алоқаи моҳвораи «Telstar» байни ИМА, Англия ва Фаронса аввалин санҷиши алоқаи телефониро ба роҳ монд.

***

Соли 2007 аввалин маротиба дар давоми навад сол дар пойтахти Аргентина боридани барф ба қайд гирифта шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷаббор Расулов — соли 1913 — Арбоби барҷастаи давлатӣ.

 

Июль 10, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш