ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июл, шанбе, 192-юмин рӯзи соли 2026 аст

Июль 11, 2026 08:00

11 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

11 июли соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

***

14 сол пеш, 11 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Худи ҳамон рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои байни ду мамлакати дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Кохи Борбад мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Зимни суханронӣ Пешвои миллат дар бораи нақши қонун дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми даҳ соли қабули он маънидод намуданд.

***

11 июли соли 2019 дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

***

11 июли соли 2021 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 бо мақсади батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба саҳми замин аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» дар таҳрири нав қабул гардид.

***

11 июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.

11 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии шоколад.

***

Рӯзи ҷаҳонии нуфузӣ аҳолӣ

***

Рӯзи ҷаҳонии асп.

РӮЙДОДҲО:

11 июли соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гашт.

***

11 июли соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

11 июли соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Олмон таъсис дода шуд.

***

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

***

Соли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

***

Соли 1950 дар Англия аввалин барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

***

Соли 1982 Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Олмонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

***

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

 

Июль 11, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш